Аз висол ӯ маро шуд нотавонии бештар

То марои давлат муяссар шуд шудам дарвештар

Дод марги кӯҳкани мижгони ширинро ривоҷ

Хӯни худ резам барои обрӯии нештар

Чун чароғи субҳдам акнӯн надорам эътибор

Муҳаррами ҳангомааш чун шамъ будам пештар

Тоза тар шуд сидои доғи дил аз пайғом ӯ

Ғунчаи гул аз насим субҳ гардад риштер