Баҳри қатл ман задӣ теғ ва фиғон дорам ҳануз
Бар сари ман соъатӣ биншин ки ҷон дорам ҳануз
Аз парешоне чу сунбул мондаам сар дар канор
Гаштаам мӯеу фикри он миён дорам ҳануз
Чун камон бо онкӣ аз чашмами нишоне монда аст
Лиззати тираш ба мағз устихон дорам ҳануз
Дар гулистонӣ ки мурғони кӯс риҳлат ме зананд
Содаи лавҳии байн ки фикр ошён дорам ҳануз
Суҳбати гарми маро бо онкии даврон сард кард
Оташӣ чун шамъ дар рагҳои ҷон дорам ҳануз
Май кашам ҳар шаби ғамашро танг чун гул дар бағал
Меҳрбониҳои он номеҳрбон дорам ҳануз
Қоматам бо онкӣ шуд чун ҳалқа дар зи интизор
Чашм ҳамчун нақши по бар остон дорам ҳануз
Гарчи умрам дар баёни қиссаи ҳиҷрони гузашт
Дар дили худ ҳамчуи гули сад достон дорам ҳануз
Булбулам гарчи хазони ғунчау гул дида ам
Гӯшаи чашмии зи лутф боғбон дорам ҳануз
Бо вуҷӯди онкӣ аз гул доғҳо бошад маро
Хорхорӣ дар ҷигар аз гулистон дорам ҳануз
Сокинони бӯстони рафтанд чун гули хонаи хез
Чашми худ пӯшидаи фикр ошён дорам ҳануз
Оҳро таъсир бисёр дошт аз пушти ду то
Перам аммо қӯти тир ва камон дорам ҳануз
Хонаи холии гашт аз болоншинон кас намонад
Ҳамчуи нақши пои ҷо бар остон дорам ҳануз
Умрҳо шуд соя афгандат бар фарқам ҳамЭй
Рӯзеи худро зи мушт устихон дорам ҳануз
Мардум канъон шуданд аз Юсуфи худ комёб
Чашм дар роҳи ғубор корвон дорам ҳануз
Дар даҳонам аз ғами рӯзӣ ба ҷо дандон намонад
Иштиҳо гардид перу фикр нон дорам ҳануз
Хомаамро такя гоҳе дар ҷаҳон пайдо нашуд
Муттакои хеш аз теғ забон дорам ҳануз
Сидои муҳтоҷи арбоб каромат нестам
Аз қаноати ҷӯи пар аз об равон дорам ҳануз