Чашми маст ӯ надонистаст анҷомам ҳануз

Дар миёни пӯст ҳамчун мағзи бодомам ҳануз

Бо вуҷӯди онкии умрам дар камӣн кардани гузашт

Оҳӯӣ чашмӣ науфтод даст бар домам ҳануз

Булбулонро соя гул кард хокстрншин

Ошёни ман ба шохи шуълау хомам ҳануз

Вақт он омад ки субҳи ҳашари афрӯзади чароғ

Аз таҳ чодар намеояд буруни шомам ҳануз

Гарчи холӣ гаштааст аз моҳрӯён хона ам

Май дамади хуршед ҳар субҳ аз лаби бомам ҳануз

Мавҷи симоб аз тапиданҳои ман занҷир шуд

Дар талош беқарорӣ нест оромам ҳануз

Ақл то барҷост тан аз нафаси саркаш эмин аст

Посбон бедор бошад бар лаби бомам ҳануз

Гӯши гардун чун ҷарас аз нолаи ман пурсадост

Дасти бӯсӣ кас накарда бар лаби ҷомам ҳануз

Чашм ӯ дар хоб ноз афганда худро сидо

Гӯш ӯ нашунидааст афсонаи омам ҳануз