ҲамРаҳон рафтанд ва ман по дар ватан дорам ҳануз
Такя чун сӯрат ба девор бадан дорам ҳануз
Ғунчаи гулро насими субҳ урён кард ва рафт
Содаи лавҳии байн ки фикр перҳан дорам ҳануз
Шамъҳо рафтанд ва аз парвона осорӣ намонад
Базм бар ҳам хӯрду фикр анҷуман дорам ҳануз
Ғунча афсурдаам аз ман шукуфтан рафта аст
Гул хазон гардиду сар дар перҳан дорам ҳануз
Мотами Фарҳоди ширинро ба олам кор кард
Шикваҳо аз бесутун чун кӯҳкан дорам ҳануз
Субҳ наздик омаду парвонаҳоро хоб кард
Хешро чун шамъи саргарм сухан дорам ҳануз
Вақфи дандон надомат шуд лаби ман ғунчаи вор
Орзӯии бӯса зон кунҷ даҳан дорам ҳануз
Сидо дил кандан аз дунё ба перӣ мушкил аст
Фикри гардидан ба атроф чаман дорам ҳануз