Рӯй дилии зи мардум олӣ наёфтам

Зини дарду доғи кушта ва марҳам наёфтам

Гаштами тамом рӯй заминро чу офтоб

Ҷои нишони зи манзил ҳотам наёфтам

Рафтам ба аҳли ҷоҳ ки ҷӯям ба худ либос

Дар бар ба ғайри ҷома мотам наёфтам

Бинишастаанд аҳли ҷаҳони оҳ бар ҷигар

Дар чашми танги соғарашон нам наёфтам

Ҳамчун нафас ба сина ҳар кас фурӯ шудам

Дар печи дили зи рӯзи ҷазо ғам наёфтам

Аз бас ки бардаанд зи дилҳо ҳиҷоб ро

Шарму ҳаё ба дида шабнам наёфтам

Рафтам ба тўФи каъбаи мақсӯди сидо

Ҷузи чашми хеши чашма замзам наёфтам