зи шаҳр аз дасти ту имрӯз эй гул перҳан рафтам

Ба худ печида ҳамчун гирдбод аз хештан рафтам

Ба ёди чашмати имшаб хоб дидам оҳӯии мишкӣн

Тасаввур карда зулфатро ба саҳроӣ хутан рафтам

Маро кӣ метавонанд аз забонҳо ҷамъ кард акнӯн

Ман он роз ниҳон будам ки берун аз даҳан рафтам

Сарангуштами зи дандони надомати шуъла афшон шуд

Сазои онкӣ ҳамчун шамъ дар ҳар анҷуман рафтам

зи буи гул шунидам то ҳадис бевафое ро

Чу Тифли ғунчаи пеш аз марг дар фикр кафан рафтам

Ба худ афғон кунон мегуфт дар кунҷи қафаси булбул

Фаромӯши он қадри гаштам ки аз ёд чаман рафтам

Ба малик худ надидам сидо рӯй тараби ҳаргиз

зи дасти орзӯҳои худ охир аз ватан рафтам