Ёди он шабҳо ки дар базмати фароғати доштам

Сар ба сар монанди абрӯи хоби роҳати доштам

Дар ҳаримат карда будам пои сутун монанди шамъ

Теғ меборид бар сари истиқомати доштам

Ман чаҳ кардам ноумед аз базм васлат карда ӣӣ

Аз ту эй бе раҳми умеди муруввати доштам

Дар хаёли ман чу гулчини фикри гул чидан набӯд

Аз гулистонат ба буии гули қаноати доштам

Чун чароғи рӯз дар чашмат надорам эътибор

Ин сазои онкии умрии поси суҳбати доштам

Аз ҳаводисҳои давронам набӯд андеша ӣӣ

Пушт чун тасвир бар девори ғифлати доштам

То шудам хоки раҳат эй кош ҳамчун сидо

Бо қадат чун сояи он рӯзӣ ки улфати доштам