Баҳри сўғои азизони ҷони зи тан берун кунам

Юсуфи худро аз ин чаҳ берасан берун кунам

Мотами Тифлон буд чун хандаи гул бе бақо

Ғунчаро пеш аз шукуфтан аз чаман берун кунам

Аз лаби худ бӯса ӣӣ умедворам карда ӣӣ

Нест ин ҳарфӣ ки ӯро аз даҳан берун кунам

То насозам дар миёни куштагони худро шаҳид

Рӯзи маҳшар кӣ сари худ аз кафан берун кунам

Об созад оташи ман Зуҳраи парвона ро

Шамъро мардонаи вор аз анҷуман берун кунам

Қоматаш дар дидаи ман ҷилва гар гардад чу шамъ

Гар ду сар чун шамъдон аз як бадан берун кунам

Ман на он нахлам ки ҳамчун шамъи маҷлиси сидо

Ашкро аз дидаи вақт сӯхтан берун кунам