Дили девонаи худро нишон кардам надонистам
Нишони тири он абрўкмон кардам надонистам
Ба сад афтодагӣ чун меҳри барадами роҳ дар кӯяш
Ба он бе меҳри худро меҳрбон кардам надонистам
Ба умедӣ ки рӯзии по наад дар хонаи чашмам
Сари худ фарш бар ҳар остон кардам надонистам
Яқинам шуд ки бо бегонагон дорад сари улфат
Ба худ ман ошно ӯро гумон кардам надонистам
Ба ёди муттакои абрӯӣ ӯ сидои умрӣ
Чу ҷавҳари барадами теғ ошён кардам надонистам