эй хати сабзати баҳори маҳшари овора ҳо
Сунбули зулфати каманди гардани назора ҳо
Дар чаман эй шуълаи ху то азм рафтан карда Эй
Шамъ равшан кардаанд аз мақдамати фаввора ҳо
Кавкабамро нест оромии зи гардишҳои чарх
Хоби осоиш наме байнам дар ин гаҳвора ҳо
Рӯзгорӣ шуд муруввати рафта аз дарёдилон
Тар намегардад сарангуштӣ аз ин фаввора ҳо
Мо зи Мисри имрӯз гуё рахт ҳастӣ баста ем
Нест моро коварони ғайр аз гиребони пора ҳо
Гаштаем аз шери модар то ҷудо хӯн ме хӯрем
Тахти шоҳӣ буд моро таҳтаи гаҳвора ҳо
Ҳасанро аз хира чашмон мерасад охири зиён
Моҳ мегардад ҳилол аз улфати сайёра ҳо
Сидо дар ҷӯии арбоби карами нами бас ки нест
Об ҳасрат мезанад ҷӯш аз лаби фаввора ҳо