Соқии зи ҳадис май ва паймона гузаштем

То чашми ту дидеми з майхона гузаштем

То чанд ба зулф ту кунад дасти дарозӣ

Душман шуда аз дӯстӣ шона гузаштем

Аз гӯшаи вайронаи худ пой кашидем

То дар талаби кӯии ту аз хона гузаштем

Аз кокули ту рӯй дилии бас ки надидем

Гуфтеми парешон ва чу девона гузаштем

Гирён ба дар хона фонӯс раседем

Нолон ба сари турбат парвона гузаштем

Бар замзамаи аҳли ҷаҳон гӯш накардем

Зин қавм шунидем сад афсона гузаштем

Дар силсилаи хилватён дӯш раседем

Доман ба миёни барзада риндона гузаштем

Дар базми ҳарифони ҷаҳони каҷи нгрстим

Соғар ба каф оварда ва мастона гузаштем

Чун мӯр раседем сари хирмани ду нон

Прўозкнон аз ҳавас дона гузаштем

Бар ганҷу гуҳари чашм чу Сайиди нгшодим

Сад мартаба аз гӯша вайрона гузаштем