Биёбони гирдам ва аз кишвари ороми берунам
Матоъи корвони гирдбоди дашти маҷнӯнам
намедонам кадомин шӯхи қасд куштанам дорад
Ки ҳамчун муваҷҷаҳи симоб дар тан метапад хӯнам
зи ман чун ғунчаҳои боғи буи дард ме ояд
Насими кӯчаи боғи гулшани дилҳои маҳзунам
намегардад садафи рўшнгҳр то дар садаф бошад
Чароғам зер домонаст то дар зери гардунам
Паии таклифам эй парвона бар гирдам чаҳ май гардӣ
Чу шамъи кушта умрӣ шуд ки аз ҳангомаи берунам
Ба зери сояи мӯии сар худ дорам осоиш
Ба ҳар ҷоӣӣ ки май созами иқомати беди маҷнӯнам
Арақи олӯдаи хоҳӣ бар сари болин ман ояд
Агар доне ки дар ғмхонаҳи худ бе ту ман чунам
Фиғонамро набошад сидо бо халқи таъсирӣ
Мухолиф мерасад дар гӯшҳо оҳанги қонӯнам