Бар дарат ҳамчун камони пушти ду то оварда ам
Гӯшаи чашмӣ ки дард бедаво оварда ам
Пайкарам аз нотавонии мондаи паҳлу бар замин
Кашкашони худро ба умед шифо оварда ам
Барнагшта ҳеҷ каси зини остони дасти тиҳӣ
Косаи холӣ ба каф ҳамчун гадо оварда ам
Дар таҳи гирди касодӣ мондааст ойина ам
Бар дар равшангар аз баҳр сафо оварда ам
Пардаҳои дидаи гирди фарш роҳат карда ам
Мждҳо бар мардумони зин тўтё оварда ам
Орзӯ дорам ки аз лутфи ту гирдами кони лаъл
Пайкар чун коҳу ранг каҳрабо оварда ам
Офият кардаст бар ман даъвӣии бегонагӣ
эй табиби аъзоӣ бо дрдошно оварда ам
Аз лаби ҳавзи ту оби зиндагонӣ хӯрда ам
Хешро бар чашмаи об бақо оварда ам
Аз ҳаводисҳои даврон гардад эмин дона ам
Пайкари саргаштатар аз Асия оварда ам
Дар бисотам нест ғайр аз зорӣу афтодагӣ
Сина бесӯзу оҳ норасо оварда ам
Ҳамчуи боди субҳи ин раҳро ба сар тай карда ам
Нотавонами пайкар бедаст ва по оварда ам
Чун гул аз тўФи мазорат чун нигарадам баҳраи манд
Ғунчаи худро ба боғ длгшо оварда ам
Карда бар лавҳи мазорати калаки сунъи омини рақам
Панҷаро вокрдаҳ аз баҳр дуо оварда ам
Такя гоҳе нест ғайр аз остонати банда ро
Паҳлавии худро барои муттако оварда ам
Аз мақоми аҳли дили роҳӣ ба сӯии ҳақ буд
Дар ҳақиқати рӯ ба даргоҳ худо оварда ам
Сидои пайвастаи мушкилҳои ман осон шуд аст
Рӯй то бар хоҷаи мушкил гшо оварда ам