Вақти хати ҷони ту берун аз бадан хоҳад шудан
Ҳамчуи гули пероҳани чокат кафан хоҳад шудан
Аз ғубор хат шавад султони ҳасанати хокмол
Малики Ҳиндӯстони туро охир ватан хоҳад шудан
Сунбули зулфат ки паҳлу мезанад бар барги гул
Зуд бошад хори девор чаман хоҳад шудан
Чашмат аз бедори хобӣ дардисар хоҳад кашид
Ғунча хусбиҳо шиори он даҳан хоҳад шудан
Юсуфи ҳасани ту дар чоҳ зқн хоҳад фитод
Корвони мӯри хату зулфат расан хоҳад шудан
Шамъи рухсорат ки оташ дар ҷаҳон андохта
Зуд хокистар нишин анҷуман хоҳад шудан
Сидо ҳар кас ба Лайлии талъатон дил дода аст
Оқибати расвои миёни мард ва зан хоҳад шудан