зи оташи ишқи ту об шуд ҷигари ман

Марҳаматӣ кун ба ҳоли чашмтар ман

Ман киу ҷисми заъифи гирди ту гаштан

Қобил парвоз нест мушти пари ман

Чанд чу Юсуф рӯй зи хона ба бозор

Раҳм ба ҳол падар кун эй писари ман

Бегул рӯй ту кӯтаҳаст забонам

Хорам ва бо кас намерасад зарари ман

Аз ту шудам давр чун биҳишти зи одам

Монад ҳамин ёдгор аз падари ман

Мушти хасии нбстми зи барқи гурезам

Шуълаам ва оташаст поу сари ман

Ғунча гул шуд қафаси зи мавҷи сиришкам

Кист ба сайёди ман баради хабари ман

Қӯт парвоз нест бас ки чу шамъам

Сӯхти зи савдои шуълаи болу пари ман

Бас ки азизам ба базми бода чу мино

Соқии маҷлис қисм хӯрд ба сари ман

Дасти зи тоъати шастаи зоҳид ва ме гуфт

Беҳунарӣ ба буд аз ин ҳунари ман

намедиҳадам сидои сипеҳр чу тӯтӣ

Аз неи калаками вазифаи шукри ман