Хонаам аз рӯй ӯ имшаб чаман хоҳад шудан
Шамъи маҷлиси майли чашм анҷуман хоҳад шудан
Бӯстониро ки моҳи ман тамошо карда аст
Ғунчаҳояш Юсуфи гул перҳан хоҳад шудан
Нолагар аз сияҳи бахтӣ ба гулшан сар кунам
Серумаи овози мурғон чаман хоҳад шудан
Мурдаи парвонаро печанд дар фонӯси шамъ
Пардаи маъшӯқи ошиқро кафан хоҳад шудан
Хол ӯ дар мавсими хати корвон ҳо ме занад
Дузд шуд чун соҳиби чашм роҳзан хоҳад шудан
Хсрўои мағрури тоҷу тахту ганҷ худ машав
Рӯзи маҳшари хунбҳои кӯҳкан хоҳад шудан
Нўхти мангар ба шеър ва шоирӣ дорад сиррӣ
Бо ман охир чун қалами ёр сухан хоҳад шудан
Май расонад ҳар ки чун сӯсани забон бар ҳарфи мо
Ғунчаи осои меҳраши охир бар даҳан хоҳад шудан
Вақти тифлии гирд ӯ гардӣда мегуфтам ба худ
Охири ин оташи балои ҷон ман хоҳад шудан
Рӯзгорӣ шуд ки мегирдем ҳамчун офтоб
То кадомин сарзамини моро ватан хоҳад шудан
Сидо гар оварад аз зулф ӯ бӯеи насим
Кӯчаҳои шаҳри саҳроӣ хутан хоҳад шудан