Ба дарё кардаам хуи мавҷи обам ме тавон гуфтан
Ба каф дорам сар бе тани ҳубобам ме тавон гуфтан
Ба шох шуъла дорам ошён монанди парвона
Самандари тинатами мурғи кабобам ме тавон гуфтан
Ба боғи даҳр чун шабнам надорам хоби осоиш
Чу аҳли корвони по дар рикобам ме тавон гуфтан
Ба мардум май намоями хешро ва лек нобудам
Дар ин саҳроӣ бе поёни саробам ме тавон
Либоси фақру табъи равшанӣ эй сидо дорам
Ба зери абри пинҳони офтобам ме тавон гуфтан