Ғарибам нест ҳамчун лолаи дилсӯзӣ ба доғи ман

зи шаб то рӯз бепарвона май сӯзади чароғи ман

Гул нашукуфта ам умрӣаст сар дар перҳан дорам

Тамошоӣ чаман рафтаст берун аз димоғи ман

Ба таклифам агар ояд бурун аз роҳи баргардад

Нафас кӯтоҳ гардад субҳдамро аз суроғи ман

Ҳавас кардам зи лаълати нўшдорў нешҳо хӯрдам

Мушаббак гашта ҳамчун хонаи занбӯри доғи ман

Ғалат кардам алоҷи хеши ҷустам аз ту эй лола

Ту ҳам чун гул наҳодӣ доғ бар болои доғи ман

Гулистони маро обод дорад сусти бунёдӣ

На осоед касе дар сояи девори боғи ман

Ба нохуни даст байъат дода захм синаам чун гул

намеёбам табибӣ то наад марҳам ба доғи ман

Асо бар каф муҳайё кардааст аз шамъи парвона

зи шаб то рӯзи саргардон буд баҳри суроғи ман

Ба буии равған обаст шабҳо хонаам равшан

Дили парвона май сӯзад ба аҳволи чароғи ман

Чироғон мекунам ҳар шому бахт тира ме ояд

Тамошо ме тавон кардан ба шабҳо гашти зоғи ман

Шавад аз оби як сарчашмаи чандини киштҳо ҳосил

Расонади лолау гули нисбати худро ба доғи ман

зи даврони он қадр эй сидо озурдагӣ дорам

Намакро май шуморади марҳами кофури доғи ман