Хуши он рӯзӣ ки менӯшида мерафтӣ ба боғи ман
Чаман май рехти шабҳо равғани гул дар чароғи ман
намедонам чаҳ дории имшаб эй бдхўӣ дар хотир
Гуҳ аз шамъу гуҳ аз парвона майсозӣ суроғи ман
Ба захми сина чун гул рӯй беҳбӯдӣ наме байнам
Чаро эй бетараҳҳум май зании оташ ба доғи ман
Димоғати имшаб аз ҳангомаи ман тоза хоҳад шуд
Чу шамъи меҳру ма бедӯд май сӯзади чароғи ман
Чу мисатони ғунчаро дар боғ бе рӯй ту бӯ кардам
Ба ранги шиша май меравад хӯн аз димоғи ман
Гулистони маро бар хок яксон кардӣ ва рафтӣ
Гиребони чок аз даст ту бошад кӯчаи боғи ман
Надорад тоқати соҳиби ҳунари ҳам пешаи оҷиз
Ба саҳрои лолаҳо рафтанд аз савдои доғи ман
Сияҳи пӯшидаи шабҳо моҳи ман азми куҷои дорӣ
Занад ҳар шоми бахти тираи паҳлу бар чароғи ман
Ба дил чун ғунча гул дорам аз буии ту пайғомӣ
Насим субҳ месозад зи гулшанҳо суроғи ман
Раҳ кошонаам парвонаро рафтаст аз хотир
Наме резад касе умрӣаст равған дар чароғи ман
Ба бӯяти гулшанамро интизорӣ он қадр дорам
Гули хори сар девор шуд гулҳои боғи ман
Биёбони хутан эй сидо гардӣда гулзорам
Гузар кардаст он нўхти магар аз кӯчаи боғи ман