эй серумаи сайди куштаи чашми сиёҳи ту

Бошад каманди гардани оҳӯи нигоҳи ту

Силӣ занад хироми ту мавҷи сароб ро

Сайёдро фиреб диҳад ҷилваи гоҳи ту

Аз дасти баради шабнами офат муназзаҳ аст

Чун барги ғунчаи домани исмати паноҳи ту

Умрӣаст ҳамчуи чашми гадои кӯчаи боғҳо

Истодаанд мунтазири гирди роҳи ту

Тифлон бе падари ҳаваси тоҷ зар кунанд

Дил бастааст ғунчаи бтрФи кулоҳи ту

Аз бас ки интизори ҳалокам чу сидо

Чашмам шудаст ҷавҳари теғи нигоҳи ту