Шӯхи наққошӣ ки рангам мекунад тасхир ӯ
Буии хӯн булбул ояд аз гули тасвир ӯ
Шӯхи наққошӣ ки хӯн май резад аз таҳрир ӯ
Май пурди ранг аз рухам аз дидани тасвир ӯ
Дар биёбоне ки ман тарҳ шикор афганда ам
Аз саводи сояаш Ром мекунад нахчир ӯ
Кӯҳканро кард ишқи ошкори охири ҳалок
Оқибати дарёӣ хӯн гардид ҷӯии шер ӯ
Сар баридани хомаро роҳи сухан вокрдн аст
Ързҳол хеш гӯям дар таҳи шамшер ӯ
Дар талоши зулф ӯ хубон ба ҳам печида анд
Ҳалқаи гӯши прирўён буд занҷир ӯ
Сидо аз бас ки дорам иштиёқи новакаш
Сабз мегардад ба мағзи устихонами тир ӯ