Печида бо нигоҳам аз сайри боғ бе ту
Аз синаам чу лола гул карда доғ бе ту
Парвона ам нишаста берун дар чу кӯрон
Фонӯси ман надида рӯй чароғ бе ту
Ту май кашӣ ба ағёри ман бо ду чашми хўнбор
Ту хуши димоғ бе ман ман бедимоғ бе ту
Чун гули тамом захмам дорам сиррӣ ба носувар
Алмоси пораҳоро созами суроғ бе ту
Гулбонги андалебон аз навҳа гар диҳад ёд
Мотами сарои намояд аз даври боғ бе ту
Ояд табассуми ту ҳар гуҳ ба хотири ман
Паймонаи намакро резам ба доғ бе ту
Ҳар каси з ҳинд ояд пурсами зи хату холат
Худро даҳуми тасаллии баргашти зоғ бе ту
эй ғунчаи сидоро сайри чамани мФрмоӣ
Бошад сари бурӣдаи гулҳои боғ бе ту