Шабҳо буд чароғам аз дӯди оҳ бе ту

Чун шамъ кушта дорам рӯзи сиёҳ бе ту

ӯро зи субҳ ва шомам бошад дуои ҳаёт

Миҳробам осмонаст эй қиблаи гоҳ бе ту

Бар нақши пой ҳар кас аз бе касе занами даст

Доман фишонд аз ман чун гирди роҳ бе ту

Байнам ба пардаи чашми хосияти каттон ро

Шабҳо агар ба маҳтоби созами нигоҳ бе ту

Дар кунҷ ғам нишаста шаб то саҳар ба ёдат

Резами зи дидаи анҷум эй рашки моҳ бе ту

Девор хонаам буд пайвастаи такяи гоҳам

Рафтӣ ва рафт бар боди пушту паноҳ бе ту

Шояд ки бар сари ман рӯзии қадам гузорӣ

Чун нақш по нишинам сарҳои роҳ бе ту

Ҷурмӣ ки сар зад эй шоҳ бар сидо бибахшоӣ

Яъне ки зинда бӯдан бошад гуноҳ бе ту