Парида ранги зи гулҳоу лола бе ту

Шудаст хушки даҳони пиёлаҳо бе ту

зи ҳеҷ гӯшаи садое бурун наме ояд

Гиреҳ шуд ба гулӯи оҳу нолаҳо бе ту

Кабӯтарӣ ки баради номаҳоро наме ёбам

Навиштаи тӯтии калаками рисолаҳо бе ту

Хамидаи пушти ҷавонон ба зери бори ғамат

Баробаранд ба ҳафтод солаҳо бе ту

Ба рӯй боғ буд сабзаи неши заҳролӯд

Шудаст чашмаи хӯни доғи лолаҳо бе ту

Ситодаанд ба якҷо чу оҳӯии тасвир

Нигаҳи рамидаи зи чашми ғизолаҳо бе ту

зи дастбурди фалаки соғарӣ ба ҷой намонад

Шикастаи санги ҳаводиси пиёлаҳо бе ту

Касе ба дод дили мо ва сидо нарасед

Ба гулшан омада кардем нолаҳо бе ту