Омад баҳору равнақи гулҳои боғи кӯ

Бар сабзаҳо тароват ва бар лолаи доғи кӯ

Мурғон кашидаанд сари худ ба зери бол

Бар сайри боғи булбули моро димоғи кӯ

Аз қамарён ба гӯш садое наме расад

Фарёди андалеб ва навоҳои зоғи кӯ

эй боғбон чаро ба чаман по наме наҳй

Хорӣ ки буд бар сари девори боғи кӯ

Ҷузи як нафаси нишоти ҷаҳонро мадор нест

Парвона рафт субҳ дамиду чароғи кӯ

эй глФрўши ғунча сифат гашта ӣӣ хамӯш

Гул кард захми хору забони суроғи кӯ

Беҳудаи сидо чаҳ кашии миннат аз табиб

Имрӯзи марҳамӣ ки хӯрд хӯни доғи кӯ