Омад баҳор бар кафи соқии пиёлаи кӯ

Дар саҳни бӯстони гул ва бар дашти лолаи кӯ

Гул карда ғунчау қафас аз ҷӯши навбаҳор

эй мурғи боли бастаи туро оҳу нолаи кӯ

Гардӣдаанд ром ба сайёди оҳӯон

Он ваҳшӣ ки буд ба чашми ғизолаи кӯ

Кардӣ чу сафҳаи номаи аъмоли худ сиёҳ

эй бўолФзўли музди китобу рисолаи кӯ

Баҳри ҳавои нафаси з хилват шудӣ бурун

эй шайхи шаҳри тоъати ҳафтод соли кӯ

Хат омад ва гирифт зи ёри интиқоми мо

эй онкӣ буд соҳиби чандини ҳаволаи кӯ

эй сидои зи ишқи нишоне ба даҳр нест

Доғӣ ки буд бар ҷигари моу лолаи кӯ