Бошад ба боми дидаи ман ҷои хоби ту
Равшан буд чароғи ман аз моҳтоби ту
Обӣ бизан бисӯз дили доғдори ман
Раҳмии намо ки сӯхт дар оташи кабоби ту
Аҳл ҷаҳон шуданд зи хуршеди комёб
Чашмам сифед шуд ба раҳи офтоби ту
Аз ваъдаи висоли тасаллии диҳии маро
Созад висоли тишнагӣам аз сароби ту
эй хуш нафас нишин арақи олӯда бар серум
Оради маро ба ҳуши насими гулоби ту
Гирдам ҳамеша чарх агар фурсатам диҳад
Парвонаи вори гирди сари офтоби ту