эй гули наргиси фидои чашм чун бодоми ту
Сарв чун фаввораи симобии ороми ту
Хона чун фонӯс аз шамъи ҷамолат равшан аст
Моҳ чун парвона мегардад ба гирди боми ту
Эҳтиёҷи нома қосид намебошад маро
Хати пушти лаб ба сӯем оварад пайғоми ту
Гӯшаи чашмат ба сӯй ман намеуфтад назар
Ман кӣм то баҳра мандӣ ёбам аз анъоми ту
Гашта ҳамчун ҳалқа дар хоб дар чашмами ҳаром
Рӯзгорӣ шуд ки дорам гӯш бар пайғоми ту
Нақш поят медиҳад чашми ғизолонро фиреб
Дида оҳӯаст гуё ҳалқаҳои доми ту
Сарвҳо карданд ҳамчун сояи худро хокмол
То ба гулшани ҷилва гар шуд сарви хуши андоми ту
Меҳри хомӯшӣ ба лаб чун сидо афганда ам
Кардаам ҳамчун нигини худро фидои номи ту