То ту эй Юсуфи мисрии зи сафари омада Эй

Нури чашмӣ ва дар оғӯши назари омада Эй

Карда болу пари худ фохта пой андозат

Бас ки чун сарви чамани тозатар омада Эй

Рафта будӣ ту чу хуршед ба кшўргирӣ

Тоҷи зар бар сарви ханҷар ба камари омада Эй

Баҳру конро карамат аз назар андохта аст

Пои ниҳода ба сари лаълу гуҳари омада Эй

Шуда аз мақдами ту шаҳри гулистони Ирам

Бас ки чун буии гулу боди саҳари омада Эй

Сокинони чаман аз сояи ту баҳра варанд

Ту гули боғи Муродӣ ва ба даҳри омада Эй

Шавад аз бурдани номи ту забони шохи набот

Ҳамчуи тӯтии зи биёбони шукри омада Эй

Баъд аз ин кулбаи моро набӯд фикри чароғ

Чеҳраи пари нуртар аз шамсу қамари омада Эй

Бар лаби ташнаи ман рехтае оби ҳаёт

Дар канори падар эй ҷаҳони падари омада Эй

Сидои шому саҳар фотиҳа хон баҳри ту буд

Ллаҳи алҳмди саломати зи сафари омада Эй