Рафтӣу шурӣ ба ҷони нотавони андохтӣ
Омадӣу оташӣ дар хону мони андохтӣ
Новак андозон чашмат ҳар тараф дар ҷилва анд
То чу абрӯ бар сари бозуи камони андохтӣ
Меҳрбонӣҳо намӯдӣ аввалу охир чу шамъ
Шуълаи бедоде дар мағзи ҷони андохтӣ
Аз хиҷолат чун камони мушкил ки сар боло кунам
То марои давр аз назар ҳамчун нишони андохтӣ
Андалебон аз сияҳи бахтии ҳама хӯн ме хуранд
Барги гулро то зи сунбули сояи бони андохтӣ
Оташам дар ҷон задӣ ва аз назар ғоӣб шудӣ
Ташна ам кардӣ ва дар реги равони андохтӣ
Лутф ҳо кардӣ ва афгандӣ ба якбор аз назар
Аз замини бардоштии вази осмони андохтӣ
Буии пероҳан ки будӣ нури чашми аҳли дил
Оташӣ кардӣ ба ҷони корвони андохтӣ
Заҳр хндӣ кардӣу бунёди олами сӯхтӣ
Ин чаҳ шурӣ буд аз он лаб дар ҷаҳони андохтӣ
Гуфта будӣ дӯш хоҳам рехти хӯни сидо
Худ яқин кардӣ ва моро дар гумони андохтӣ