Марои имшаб чу зулфи худ парешон кардӣ ва рафтӣ
Ба рӯй хеш чун ойина мизон кардӣ ва рафтӣ
Туро оварда будам аз барои ҳали мушкил ҳо
Чу дидӣ мушкили ман бар худ осон кардӣ ва рафтӣ
Кашидӣ домани худ аз кафам эй лола рӯй ман
Маро чун доғи оташ дар гиребон кардӣ ва рафтӣ
Рӯм чун гирдбод ва дар биёбонҳо ватани созам
Маро монанди маҷнӯни хона вайрон кардӣ ва рафтӣ
На бинад баъд аз ин паҳлавии зорами хоби осоиш
Ба рӯй бистарами хор муғелон кардӣ ва рафтӣ
Ба доғи синаи марҳами ҷустаму алмоси пошидӣ
Гулистони маро бар хок яксон кардӣ ва рафтӣ
Ба чашми сидо эй бетараҳҳум эй ҷафои пеша
Ба ҷои тўтёи рег биёбон кардӣ ва рафтӣ