Маро дар баҳри ғам чун мавҷи об андохтӣ рафтӣ
Ба ҷисми лоғари ман печу тоб андохтӣ рафтӣ
Шитоби олӯдаи вақти субҳдами рахти сафари бастӣ
Ба ҷонами ҳамчуи симоби изтироб андохтӣ рафтӣ
Карами фармӯдаи аҳволами нпрсидӣ чаҳ зулмаст ин
Ҳалоками сохтӣ по дар рикоб андохтӣ рафтӣ
Ба лаб Меҳрӣ задӣ чун ғунчаи гулшани зи мҳҷўбӣ
Ба рух аз сояи мижгони ниқоб андохтӣ рафтӣ
Надорам бе ту эй кони малоҳати як дами оромӣ
Ба захми ман намак ҳамчун кабоб андохтӣ рафтӣ
Маи ман пардаҳои чашми худ фарш раҳат кардам
Ба хӯнами шастӣ ва дар офтоб андохтӣ рафтӣ
Ба доғами машки пошидӣ ба хӯнам даст олудӣ
Ба чашмам оташ афгандӣ дар об андохтӣ рафтӣ
Наҳодӣ рӯ ба роҳу ваъдаи боз омадан кардан
Маро аз интизорӣ дар азоб андохтӣ рафтӣ
Ба меолӯда кардӣ гӯшаи домони исмат ро
Каттони хешро дар моҳтоб андохтӣ рафтӣ
Баровардӣ хат ва бар ҳам задӣ аҷзои олам ро
Намӯдӣ рӯйу оташ дар китоб андохтӣ рафтӣ
Ба сӯии сидоӣ хеш кардӣ гӯшаи чашмӣ
Ба як паймона май масту хароб андохтӣ рафтӣ