Маро эй шуълаи худ дар тобу таб андохтӣ рафтӣ

Чу шамъ оташ задӣ чашми маро бгдохтӣ рафтӣ

Нишастӣ бар саманд ва омадӣ аҳвол пурседӣ

Раседӣ ҳамчуи барқу истодӣ тохтӣ рафтӣ

Нахоҳад дид доғи синаи ман рӯй беҳбӯдӣ

Намак пошида бигузаштӣ кабобам сохтӣ рафтӣ

Нишастӣ бар сари болинам ва сӯем назар кардӣ

Ҳамин миқдор бар аҳвол ман пардохтӣ рафтӣ

Чаман аз гиряҳои сидои дарёӣ шурӣ шуд

Табассум кардӣу ҳақ намак нашинохтӣ рафтӣ