Ғунча гардид гули қисматам аз кам суханӣ
Чун нафаси танг шуда рӯзем аз бе даҳанӣ
Надиҳади ҳеҷ касе оби суханҳои маро
Шуд дилами хӯн ба таманнои ақиқи Яманӣ
Номи соҳиби ҳунарон то ба қиёмат боқӣаст
Нақши Фарҳод хабар медиҳад аз кӯҳканӣ
Муддатӣ шуд ки ба саҳрои ҷунун май гирдам
Карда дар хонаи занҷири маро бе ватанӣ
Ташнаро қатра ба аз гавҳари сероб буд
Даст хушкаст садафи пеши ақиқи Яманӣ
Гирдбодам ба биёбон шудаам саргардон
Домани дашт ҷунунаст ба дӯшами кафанӣ
Соҳиби иззат зотӣ назанад дами зи ҳасб
Ғунча ҳаргиз накунад даъвӣии гули перҳанӣ
Чашми пӯшида гузар мекунам аз боғи ҷаҳон
Ин чамани бас ки надорад гул бар сари задане
Накунад ҷомаи зарбафти бадали аъзо ро
Назанад сӯрати девори дам аз симтнӣ
Умрҳо шуд ки сари хеш ба зону дорам
Ғунчаи хсписти марои кори з бе перҳанӣ
Бемураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳиби ном
Сангро мекунад афлоки ақиқи Яманӣ
Хӯн ноҳақ нагузорад нафаси қотил ро
Шамъро шуд пари парвона ба гардани кафанӣ
Ҳар ки аз базм ҷаҳон рафт ба худ ме гуяд
Нест дар суҳбати ин қавм дигар омаданӣ
Ҷониби анҷуман эй шамъ макун таклифам
Нест парвонаи ноқобили ман сӯхтанӣ
Вақт онаст ки афлок шавад зеру зибр
Базми тасвир буд лоиқ бар ҳам задане
Бар заъифон макун изҳори зибардастии хеш
Теша зад бар сари Фарҳоди дам аз кӯҳканӣ
Сухани хона ба бозор намеояд рост
Доя мегуфт ба гаҳвораи марои ношуданӣ
Аз маломат накунад аҳли тамаъи андеша
намекунад ор аз ин тайифаи рўӣинаҳи танӣ
Буии хӯн аз даҳани ғунча гул ме ояд
эй сабои дасти нигаҳи дори зи дандони шиканӣ
Сидои бас ки ҷаҳон дар назарам танг шудаст
Ҷой дар кунҷ қафас кардаам аз бе ватанӣ