Куфру дайни яксон буд дар мазҳаби девонагӣ
Ҷанг бо кунин дорад машраби девонагӣ
ё муаллими Лайлӣ ва маҷнӯн надоранд эҳтиёҷ
Ишқ устодӣ кунад дар мактаби девонагӣ
Хоки саҳроро ба рақс оварад шӯри гирдбод
Кист месозад талоши мансаби девонагӣ
Мақсад ошиқ намегунҷад ба зери осмон
Бошад аз андозаи беруни матлаби девонагӣ
Оқил аз санг маломат мекунад паҳлуи тиҳӣ
Рехтанд ин хиштро дар қолаби девонагӣ
Доғи савдои ҷунун пӯшидааст аз чашми халқ
Хира месозад назарро кавкаби девонагӣ
Аз савод бехудӣ ҳар кас нагардад баҳраи манд
Хона занҷир бошад мактаби девонагӣ
Сидои аҳли ҷунунро нест дар маҳшари ҳисоб
Боди айём хазон бошад таби девонагӣ