Чаро ба кулбаам эй дилрабо наме ое

Ба сӯем эй чамани длгшо наме ое

Ба бандаи хонаи худ по наменаҳй ҳаргиз

Ту подшоҳӣу сӯии гадо наме ое

Чу ғунчаи сад гиреҳ афтодааст дар корам

Ту пештари зи насими сабо наме ое

Қадами зи бори ғамат хам шудаст чун миҳроб

Ба пурсишами з барои худо наме ое

Ба ҷустуҷӯии висолат фитодаам аз по

Ба дастгирии ман чун Асо наме ое

Ҳаё агар ба хироми ту сади роҳ шуда

Кашида бодаи бурун аз ҳаё наме ое

Дилӣ ки меҳр ту дорад чаро наме пурсӣ

Касе ки бо ту буд ошно наме ое

Ҳисори офият шамъ нест ҷузи фонӯс

Чаро ба хонаи ман беабо наме ое

Шабӣ ба кӯии ту бо сад ниёз хоҳам рафт

Агар ту дар талаби сидо наме ое