То ба он гулгуни қабо чун сояи ҳмдўшими мо
Перҳан дар хӯни худ олӯда мепӯшем мо
Пеши мо эй шамъи лофи суҳбат ороӣ мазан
Сад забон дорем ҳамчун шона хомӯшем мо
Боли қамарии сарвро бошад ҳисори офият
Ёр дар ҳар ҷо бағал бигушоед оғӯшем мо
Аз сафои сина бекӣна гавҳар ме кунем
Чун садафи як қатраи обӣ ки менӯшем мо
Рӯзҳо чун соя ҳамроҳем ҳар ҷо ме рӯем
Шаб чу мегардад зи ёд ӯ фаромӯшем мо
Дар либос шбрўӣ кардаст пинҳони хеш ро
Доғи доғ аз дасти он моҳ сияҳ пӯшем мо
Май прстоним аз савдоӣ фардо фориғем
Ҳар чаҳ бо мо медиҳанд имрӯз менӯшем мо
Поси хотири дорӣ эй ойина аз мо ёди гир
Айбҳои халқ мебайнем ва мепӯшем мо
Сидои ҷуз шиква набӯд пешаи бозори гир
Нест тавфирӣ ба ҳар корӣ ки мекӯшем мо