Ба гулшан чун барафрӯзад з май рухсор чун гул ро

Кунад фаввораи хӯни ғунчаи минқори булбул ро

Ба гесуии ъбироФшон агар дар гулистон ояд

Ба рагҳои замин пайванд созад шохи сунбул ро

Кунад чун муми шамъи сабри истиғнои хубон ро

Сари таслим май резади дами теғи тағофул ро

зи кунҷи хонаи дигари пой дар майхона нагузорам

Ба даст овардаам домони минои таваккул ро

Нигаҳ дорад худо аз сайли офати хоксорон ро

Набошад ҳеҷ нақс аз ҷӯши дарёи сояи пул ро

Ҷаҳони як кӯчаи боғ захм шуд аз ханҷари нозат

Нигоҳат чанд бандад бар камари теғи тағофул ро

зи акси сояи ман кӯҳ монад бар замини паҳлу

Шикастаи дстбўс панҷаам дӯши таҳаммул ро

Ба роз хеш натавон сохтани муҳаррами дурӯён ро

Нигаҳи дор аз забони шонае машшотаи кокул ро

Тамошои чаман эй сидо беёр агар бошад

Нигаҳ дар дидаи майл оташин донад раги гул ро