Ғубори гирди бодами тўтёии чашми ахтарҳо

Парешон кард саҳрои ҷунунами мағз дар сарҳо

зи хӯни ташнагони майхонаи дашт Карбало бошад

Чу сарҳои шаҳидон хок мелӣсанд соғарҳо

Набошад баҳра аз амволи худ днёпрстон ро

Садафро тар намегардад гулӯ аз оби гавҳарҳо

Нишон аз каъба мақсӯд диҳад ангушти мактубам

Шикаста дар талош номаам боли кабӯтарҳо

зи чашмами баста рахт ҳастӣ худ хоби осоиш

Кафи паҳлавии ман силӣ занад бар рӯй бистарҳо

Ба олами кор май созанди аҳли ҷӯади соил ро

Ҳамин овоз меояд ба гӯш аз ҳалқаи дарҳо

Манеҳ дар зери гардуни сидои паҳлавии роҳат ро

Чаҳ осоед касе дар сояи ин куҳнаи манзарҳо