Соқио май даҳ ки мавҷ ӯ барад аз ҷои маро
Грдбодосо ба як давр афганд аз пои маро
Беҷунунӣ нестам аз соя ваҳшат ме кунам
Нола занҷир меояд зи нақши пои маро
Ташнаам ҳамчун садафи як қатра серобам кунад
Нестам гирдоб саргардон кунад дарёи маро
Аз ғами фардо ба чашми ашкборм нам намонад
намеравад чун шамъи охири сари дарин савдои маро
Юсуфам бошад канори шаҳри оғӯши падар
Чун даҳон гург бошад лолаи саҳрои маро
Донаи холи ту ҳар ҷо паҳн созад доми хеш
Болҳо пайдо шавад чун мӯр аз аъзои маро
Хонаи дили сидо аз ғайр холӣ карда ам
намедиҳад баҳри тасаллии ваъда бар фардои маро