эй маҳви ранг ва рӯй ту ҷони хароби мо

Парвонаи чароғи ту мурғи кабоби мо

Аз санги серумаи зери сари мости болшӣ

эй шӯхи чашми омада ӣӣ то ба хоби мо

Мӯии сифед пухта кунад ҳирси хом ро

Чун офтоби гарм буд моҳтоби мо

Мо бо вуҷӯди қомати хам маст ғифлатем

Печидаи мавҷи бода ба рагҳои хоби мо

Ошиқ ба ваъда додан ҷон мекунад вафо

Дом фиреб нест ба мавҷи сароби мо

Чашми табиби чашма симоб ме шавад

Ангушт агар наад барги изтироби мо

Баҳри муҳӣт беш зи як коса об нест

Гирдоб дар талош буд бо ҳубоби мо

Ин риштаҳо ки чарх ба гавҳар кашида аст

Шерозаи гусаста буд аз китоби мо

Аз бас ки дар қмлрўи фаҳм имтиёз нест

Шуд зери машқи мо варақи интихоби мо

Аз сандаласт соғари мо бас ки сидо

Дарди сар хумор надорад шароби мо