Хона бар дӯшами парешони кӯ ватан дорад маро

Бар ҷунуни таклифи чок перҳан дорад маро

Ғунча гул нестам то аз насимӣ во шавам

Рӯзгори рафтаи сар дар перҳан дорад маро

Ҳалқа базмаст тавқи бандагӣ бар гарданам

Ман ғуломи он ки давр аз анҷуман дорад маро

Нест ҷузи зоғу заған дар ошёни булбулон

Боғбони беҳудаи таклиф чаман дорад маро

Ҳамчуи мурғи байза аз парвоз кардан монда ам

Бепару болии гирифтор ватан дорад маро

Сайри боғи орзӯ кардан надорад эътибор

Дидани гули хори девор чаман дорад маро

намедиҳад Хизри ҳаёт аз олами обами ҳарос

Ин биёбони гирди қасди раҳ задан дорад маро

Гирдбод аз бесаранҷомӣ намегардад қарор

Тангдастиҳои даврон беватан дорад маро

Сидо дар суҳбат нодон шавад доно хамӯш

Хомаи кӯтаҳи забони давр аз сухан дорад маро