Нигор шастагар об набот аст
Дӯконаши чашмаи об ҳаёт аст
Либосаши пок ҳамчун чашми анҷум
Ба домонаши тавон кардани таяммум
Барад ҳар каси либоси худ ба шустан
Шавад чун ғунчаи гули поки доман
Хаҷал аз шастааш домони маҳшар
Буд деги дӯконаши ҳавзи кавсар
Назофати дег ӯро гашта сарпӯш
зи обаш покдомонӣ занад ҷӯш
Буд карбоси дегаши қурси маҳтоб
Фитодаи киштӣ бар ту ба гирдоб
зи зери дег ӯ оташ ба парвоз
Буд хокистараши ойинаи пардоз
Садаф гардӣда аз лаби ташнагонаш
Шикастаи косаи ганҷи дӯконаш
Қумоши ҳасани шӯхи тозаи руста
Намояди пеши рӯйиши оби шаста
Гуҳӣ дар баҳри гуҳ дар бар дӯконаш
Назар дорад ба хушк ватар хиромаш
Рутӯбати дасти пурвирди дӯконаш
Ҳарорати хонаи зоди остонаш
Агар дар баҳри даст худ кунад тар
Шавад аз орзӯяши оби гавҳар
Чу созад қасди шстўшўии карбос
Ба дасташ об резанд Хизри Илёс
Чу монад шастаи худ дар канораш
Баради саҳрои маҳшари интизораш
Гиребонаши зи шодобӣ чу боғ аст
Чу минои остинаштар димоғ аст
Сухан аз шаста ӯ ҳар ки гуяд
Шавад обу зи олам даст шавед
Дӯконаши пок ҳамчун чашми ёқӯб
Надорад эҳтиёҷи обу ҷоруб
Буд собӯни зи қурси офтобаш
Хам афлок бошад хами обаш
Ривоҷи рахти сангин аз дӯконаш
Баланди иқболи ҳам аз остонаш
Батон нозанад агар бо ишвау ноз
Кунад чашмаш ба эшон корпрдоз
Кднг ӯ буд пайваста дар зикр
Набошад дар сар ӯ ғайр аз ин фикр
зи кӯҳ қоф бошад зери сангаш
Кднг ӯст бар дӯши палангаш
Расонида ба об андозгар ро
Ба чоҳ андохта пардозгар ро
зи пардозиши гирифтаи осмони авҷ
Сафо бар рӯй дӯконаш занад мавҷ
Дӯконаши соф ҳамчун обгина
Бӯи сандӯқ ӯ сандӯқи сина
Чу буд ӯ мухлиси авлоди Аҳмад
Аз он шуд ном ӯ мирзои Муҳамад
Мухаммири тинаташ аз оби гавҳар
Садаф аз ҳасрат ӯ хок бар сар
Харобаши одами обӣ ба дарё
Кабобаш гашта Мурғобӣ ба саҳро
Қадаши чашми чароғи комҷўиӣ
Буд парвонааш покизаи хуӣ
Ба даст ӯ расонад ҳар ки доман
Нагардад солҳо муҳтоҷ шустан
Ба пеш ӯ шавам ҳар рӯзи роҳӣ
Либоси хешро молами сиёҳӣ
Нигоҳ ӯ напардозад ба ҳолам
зи хати мшкборши хокмолм
Биёи соқии зи лаби хушкии харобам
Басони сидо беобу тобам
Шароби слсбилм дар гулӯ кун
Ба оби раҳмати худ шустушӯ кун