То лаби лаъли туро шуд ошноӣ бо шароб

Оташ бе тоқатии сар бар зад аз ҷони кабоб

Гарчи аз ман кунӣ пинҳони ту эй дар хўшоб

Қисса май хӯрдан ва шабҳои гашти моҳтоб

Ҳмншинон ту мегӯйанд пеш аз офтоб

То шунидам бода менӯшедӣ ба ғайриӣ эй ҳабиб

Рафт чун симоб аз ҷони ман ороми шикеб

Май парасти ман шинави имрӯзи ҳарфи ин ғариб

Бодаро бар хоки резӣ ба ки бар ҷоми рақиб

Кас ба ӯ май медиҳад ҳайф аз туу ҳайф аз шароб

Буд имшаб бо даҳонати гиру дори нақли базм

намешавад зоҳири зи бодомати хумори нақли базм

Гарчи чун мино набудам дар канори нақли базм

Огаҳам аз тарҳи маҷлис дар шумори нақли базм

Гар насозам як ба як хотири нишонат бе ҳисоб

Аз ғамат эй оташини ху мондаам дар тобу таб

Кардаам чун ғунчаи гули меҳри хомӯшӣ ба лаб

Аз ту мегӯйанд мардуми ҳарфҳои булъаҷаб

Маҷлисии дорӣу соғар май кашӣ то ним шаб

Рӯзи пиндорӣ наме байнами чашми нимхўоб

эй писар то зинда бошӣ сидо дорад ҷадал

То мабодо доманат гардад зи дастӣ дар халал

Зини суханҳо хотират ҳаргиз нагардад дар гусал

Ваҳшӣ девонаам дар ростгўӣиҳо мисл

Хоҳи роҳ аз ман бигардон хоҳ рӯй аз ман битоб