Садафи гавҳари асрори ниҳони гӯш ман аст

Чашмаи баҳри маъонии қадаҳи ҳуш ман аст

Мавҷи тӯфони хиради ҷунбиши оғӯш ман аст

Шӯри дарёии сухан аз дили пурҷӯш ман аст

Қуфли ганҷинаи маънии лаби хомӯш ман аст

Бардаи фикрами гарав аз тозаи хаёлони ҷаҳон

Булбулами сохта дар гулшани файёзи дукон

Ҳамчуи бӯ кӣ шавад аз перҳани ғунчаи аён

Маънии бикр ки дар парда ғайбаст ниҳон

Бе такаллуфи ҳамаи шаби даст дар оғӯш ман аст

Нукта санҷон ҷаҳонанд лаболаби зи ҳасад

Нест бар сафҳаи авроқи ман андешаи бад

Ҳар шаб аз хонаи ман омадаи ҷӯянди мадад

Ҳар хаёлӣ ки бирав фахр кунанд аҳли хирад

Дар шабистони хиради хоби фаромӯш ман аст

То ман хастаи буруни омадам аз малики адам

Шуда аз тоъати ман абрӯии миҳроби илм

Гарчи дар даҳри схрхизтрм аз шабнам

Зоҳидӣ нест ба айёреи ман дар олам

Ин радои пардаи климист ки дар гӯш ман аст

Май кашами шаби ҳамаи шаби нола ба оҳанг даро

Моҳ ва хуршед насозанд ба ман чун ва чаро

Ҷои Рахши талабам кӣ буд ин куҳнаи саро

Осмони ҳалқаи фитрок буд сайди маро

Ломакони манзили саҳми сафари ҳуш ман аст

Шафақ аз ранги рухи маҳваши ман хостаҳ аст

Офтоб аз нафас бе ғаши ман хостаҳ аст

Барқи тирист ки аз таркиши ман хостаҳ аст

Чархи дўдист ки аз оташи ман хостаҳ аст

Хок гардӣаст ки афшондаи попуш ман аст

Сидо ҳаст тлбгори ман аз ҳар ҷониб

Табъи ман то шуда бар маънии рангини тоиб

Хомаам бардаи дил аз ҳозир ва ҳам аз ғоиб

Нарасад чун сухани ман ба ду олами соиб

Ишқро дасти навозиш ба сари дӯш ман аст