Ақлу ҳуши зулфатро дастрас наме донад

Корвони ин манзили пеш ва пас наме донад

Суҳбати туро ағёр мултамис наме донад

Қадари давлати васлат булҳавас наме донад

Файзи суҳбати гулро хор ва хас наме донад

эй дили асиронро барда ӣӣ ба айёрӣ

Сунбули ту печида дар каманди таррорӣ

Нуктаи туро гӯям гӯш агар ба ман дорӣ

Лиззати гирифтории маънии ҷгрхўорӣ

Ғайри мо вафодорони ҳеҷ кас наме донад

Дар сафи камондорони абрӯии ту мумтоз аст

Кокулати кмндоФгни ғамза новак андоз аст

Холи гӯшаи чашмати чашмаро сарафроз аст

Чашми хону мони сӯзати масти бода ноз аст

Сӯй кас намебинад ҳол кас наме донад

Ҳар ки дид зулфатро машк чин наме хоҳад

Пеши сабзаи хатат ёсамин наме хоҳад

Толиби тамошояти ақл ва дайн наме хоҳад

Ҳамдам таманноят ҳамнишин наме хоҳад

Ҳамнишин савдоят ҳамнафас наме донад

Пои кӯтаҳи моро чоки домани арзонӣ

Коми тангдастонро хоки маскани арзонӣ

Сидои ману дилро ганҷи гулхани арзонӣ

Тоирони бустонро сабзи гулшани арзонӣ

Бенавои дили муъмини ҷуз қафас наме донад