То сабза ба гулзори ҷамоли ту дамида

Оростаи ҳасани ту ба авсофи ҳамида

Гӯям ба шабу рӯзи ман пушти хамида

эй холу хати зулфи ту ороиши дида

Ин дидаи басии дида ва мисли ту надида

эй домани ту поктараст аз дили маъсӯм

Манишин ба рақибони сияҳ рӯй нафасӣ шавам

Аҳволи худ имрӯз кунам пеши ту маълум

Дар ишқи ту машҳурам ва аз васли ту маҳрӯм

Гурги даҳани олӯда Юсуф надарида

Шухӣ ки манам фохтаи сарви қад ӯ

Пайваста чу тӯтӣаст адои фаҳму сухангӯ

Ҳар лаҳзаи маро бо нигаҳи гарми з ҳар сӯ

Дунбол худаш мекашад он наргиси ҷодӯ

Фарёд аз он наргис дунбола кашида

Берун чу равад шамъи ман аз хонаи фонӯс

Оянд чу парвонаи ҳарифони паии побӯс

Гирами сари роҳи вай ва гӯям ба сад афсӯс

Рафтан ба чаҳ монад бар хиромидани товус

Дидан ба нигаҳ кардани оҳӯии рамида

Шодам ки чу Сайиди фалак боз бихонад

Монанди қадаҳ бар дар майхонаи нишонд

Бурдани дилам аз ҷо ба сад афсуни натавонад

Воъизи сухан булъаҷабӣ ме шинаванд

Хусрав ба ҳамин умр насиҳат нашунида