Ғами маро чун авди шабҳо ҷой дар миҷмар диҳад
Паҳлу аз бе оби тобии пушт бар бистар диҳад
Аҳли оламро нишон аз шӯриш маҳшар диҳад
Гар дилам аз синаи оҳи оташинро сар диҳад
То қиёмат дар ҷаҳон бар бод хокистар диҳад
Моу маҷнӯн дар ҳақиқати нолаи як парда ем
Аз адами мо тӯҳфаи дарди ишқро оварда ем
Дар канори дояи мо худро ба ғам парварда ем
Аз азали мо талхи комони ху ба талхӣ карда ем
Заҳр дар коми дили мо лиззат шукр диҳад
Дар камӣни шамшер бар каф мерасад бадхоҳи мо
Ҳаст ҳамчун сарви по бар ҷои дили огоҳи мо
Он камони абрӯ агар бошад дамии ҳамроҳи мо
Теғ кӣ гардад адуи пеши хаданги оҳи мо
Бар таниш ҳар мӯ агар хосият ханҷар диҳад
Май рӯми имрӯз то майхонаро маҳшар кунам
Шишау паймонаро хоки сияҳ бар сар кунам
Ман на онам илтиҷо бар соқӣ ва соғар кунам
Гар бимирам кӣ лаби ҳиммат ба миннат тар кунам
Хизр агар оби ҳаёт аз ҷом Искандар диҳад
Сидо дорамнигор нави хати ширини сухан
Чун табибон ҳаст доим бар сари болини ман
Рӯзи марги худ мборкбод гӯям бар бадан
Гар табори зулф ӯ урфӣ ба дўзндми кафан
Хоки ман то рӯзи маҳшари накҳат анбар диҳад