Шӯхи ман бепарда дар бозорҳо ҷавлон макун
Дидаи ойинаро бар рӯй худ ҳайрон макун
Булҳавасро барги айш эй ғунча дар доман макун
Маҷлиси ағёрро аз ханда гулрезон макун
Чашми хўнбори марои ҳам коса тӯфон макун
Аз ҷамолат шуд гулистони базми пер май фуруш
Чун гул аз ғайрати марои хӯн ҷигар ояд ба ҷӯш
То ба кӣ чун ҳалқаи кокули туро гӯям ба гӯш
эй худои нотарси он чоки гиребонро мапуаш
Шуълаи оҳи маро дар анҷуман урён макун
эй хаҷал аз партави рухсори бадари ту мунир
Карда зулфи саркашати хўршидрўёнро асир
Панди ман имрӯз бишинав эй ба хӯбӣ бе назир
Чашм агар кофар шавад аз каси матоъи дили мгир
Зулф агар зуннори бандади ғорати имони мгир
Ғамзаро гӯ то камони абрувони орад ба зиҳ
Захмҳои сина ам гардад зи пайкони ту ба
Гар аз ин маънии дилат чун ғунча бошад дар гиреҳ
Аз барои имтиҳони аввали намак бар доғ на
Гар бинолам судаи алмосро дармон макун
Умрҳо шуд сидоро уқдаҳои мушкил аст
Бар сари кӯии ту ӯро рӯз то шаб манзил аст
Гарчи аз гесуии ту мақсӯди дилҳо ҳосил аст
Синаи соиби зиёратгоҳи арбоб дил аст
Гар мусулмони зодаи ин каъбаро вайрон макун