Ҳар ки дар ғам сабр кард Айюб медонем мо

Ху ба ҳиҷрон кардаро ёқӯб медонем мо

Ошиқонро дар вафо мансӯб медонем мо

Бе вафоеи шева маҳбӯб медонем мо

Нест хубонро вафое хуб медонем мо

Кӯҳкан аз ёд ширин монад сар дар кӯҳсор

Фикри Лайлӣ дар биёбон кард маҷнӯнро ғубор

Ин мисли бар сафҳа даҳраст зоишони ёдгор

Ошиқон роҳаст қуллоби муҳаббати зулфи ёр

Ин кашиш аз ҷониб матлӯб медонем мо

То дамида бар изораши хат чун машки хутан

Боғбон аз сунбултар бастаи девори чаман

Гар кунад даъвӣии малики он Юсуфи гули перҳан

Зони хат ошуфта хоҳад шаҳрҳо бар ҳам задан

Одати он моҳи шаҳр ошӯб медонем мо

Он худовандӣ ки қурбон кард Исмоил ро

Карда аз мижгон ба чашми аҳли канъони майл ро

Бо Зулайхо ҳотифӣ мегуфт ин тамсил ро

Баҳри Юсуф дар канор Миср равад нил ро

Ёдгор аз дида ёқӯб медонем мо

Сидои домани каш аз базми шароби нўхтон

Буии хӯн сар мезанад аз сунбули зулф батон

Кардаанд ин нақш бар санги мазори куштагон

Хати хубони нома қатласт баҳри ошиқон

Осифии мазмуни ин мактуб медонем мо